Ватан чист ва ватандор кист!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Ватан ҷоест,  ки мо дар оғуши гарми ӯ ба дунё омада  ба воя расидем. Ватандор касест,  ки ба давлату миллати худ содиқ мемонад ва аз шукуфтанҳои ватани азизи худ рӯҳбаланд мешавад.

Дар ҷомеаи имрӯза нафароне  ҳастанд,  ки на маънои Ватанро медонанду на медонанд, ки ватандорӣ чист.  Ин гуна ашхос ба монанди Муҳиддин Кабирӣ , Муҳаммадиқболи Садриддин ва даҳҳо касони дигаре,  ки маънои ин калимаҳои муқаддасро  дарк карда наметавонанд. Ин хоинони ватанфурӯш бо кадом ташкилотҳои байналмилалии ба ном террористӣ ҳамроҳ  шуда нисбати тоҷику тоҷикистониён суханони аҳмақона ва бесаводонае  мезананд, ки ягон марди баору номус, ки маънои ин калимаҳои муқаддасро дарк намудаанд, чунин суханҳоро ба забон намеоварад. Аммо ин  гуна одамон дар фикри ягон гуна давлатсозию  давлатдорӣ нестанд.  Онҳо роҳу василаҳои мувофиқро барои  ҷалб намудани мардум ҷӯёанд. Гоҳе  аз номи поки ислом истифода кардаву гоҳе худро пушти дари ташкилоту абарқудратҳо  баҳри расидан ба мақсадҳои разилонаашон мепартоянд. Ҳол он ки худи онҳо аз дини мубини ислом хабаре  надоранд. Агар заррае аз дини мубини ислом  хабар медоштанд чунин авомфиребиро  болои  миллату давлати худ раво намедиданд. Ба қавли  худ, гуё ки онҳо наҷотдиҳандаи миллатанду тоҷикони муқимии Тоҷикистон аз сиёсату давлатдорӣ орианд. Ба шарофати  ин асолатбохтагон муддате дар кишвар буданашон  мардуми бегуноҳро сарсону саргардон карда,  падару модаронро бефарзанд,  занонро бешавҳар, тифлакони бегуноҳро бепадар кардаанд. Вой бар ҳоли чунин ватандӯстони беватан ва муштоқони ба ном исломӣ, ки аз ин дини поку беолоиш сиёсат месозанд. Мо ҷавонон кӯшиш менамоем,  ки давлати худро аз ин душманону хоинон ҳифз намуда, ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси онро  чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, пайравии  Сарвари хирадмандамонро менамоем.  

 

 Зуҳрои Сикандар, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин