Хиёнаткорони Ватан асло бахшида намешаванд

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Имрӯзҳо тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук ва Ютуб хоинони миллат зери дурбинҳои наворбардорӣ ношармида бо андешаву ғаразҳои бепояву бемантиқашон масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба қавле худро ҳамчун гиреҳкушои масоили сиёсиву иқтисодии кишвари азизамон медонанд, ки аз ҳақиқат фархасҳо дур мебошад. Саркардагони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом таҳти раҳбари Муҳиддин Кабирӣ пайваста аз дур болои миллату давлати мо санги маломат зада, шаъну шарафи ходимони давлативу сиёсии кишварро бо таъқиру туҳмат пас зада, худро мусичаи бегуноҳ нишон доданӣ мешаванд. Ин ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати  ислом барои ба даст овардани Ҳукумати Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик  аз солҳои 80-уми асри бист таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ бо фармони хоҷагони хориҷиашон  мубориза  бурда  истодаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом солҳои 90-ум бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва фармони хоҷагони хориҷиашон ҷанги шаҳрвандиро  ташкил намуда, дар ин ҷанг  падар бо писар, бародар бо бародар  хуни ҳамдигарро рехтанд. Ва ин хиёнаткорону сагони лаъин бошанд, барои пулу моли бе дарди миён аз ҳамон солҳо сар карда барои сарнагун кардани миллати тоҷик аз паси парда бо хоҷагони хориҷиашон ба сари миллати точик чӣ бадбахтие овардаанд. Мардуми  тоҷик аз ҳамон солҳо бошад ба хубӣ медонанд, ки қаҳрамон кисту дӯшман кӣ. Аз ҳамин лиҳоз аз ин хиёнаткори Ватан  ба мисли Муҳиддин Кабирӣ рӯйгардонида дигар намехаҳанд, ки ҷанги таҳмилӣ дубора такрор  шавад.

Аммо мо мардуми сарбаланди тоҷик бо сарвари сулҳпарвару оқилу доно ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти Тоҷикистони азизамон аз як гиребон сар бароварда  ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем. Дигар ягон иродаи сиёсии ғаразнок наметавонад, ки барои ободию шукӯҳфоии мамлакати мо таъсиргузор бошад. Зеро ҳамагон медонем, ки танҳо якдилию якдигарфаҳмӣ моро ба қуллаҳои мурод ва пешрафту тараққӣ мерасонад.

                             Зуҳрои  Сикандар, корманди Кумитаи иҷроияи

                             ҲХДТ дар  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин