ХИЗМАТ БА ВАТАН БАРОИ ҲАР ҶАВОНМАРД ҲАМ ҚАРЗ ҲАСТУ ҲАМ ФАРЗ!

Ш.Шоҳин: Андеша  

«Мо  бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне  соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем».

                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Миллате,  ки   арзишҳои хоси худашро нигоҳ медораду арҷ мегузорад метавон ӯро давлат номид. Яке аз нишонаҳои муътамади  давлатдорӣ ин доштани ниҳоди қудратӣ ва пеш аз ҳама артиши муттамаркази миллӣ   мебошад. Мустаҳкамии давлат аз ҷавонони тарбиятдидаву боғайрат, бонангу номус, қавииродаву ҷасур, онҳое  ки  қадри Модар-Ватанро пос медоранд,  сахт вобаста аст.

Чунин  ҷавононро  танҳо  модар  тарбият  менамояду  халос. Дили  бузурги модар қодир аст, ки фарзанди баруманд ва ватандӯстро барои ҳимояи марзу буми кишвар ба воя расонаду бо дили кушод ӯро барои ҳифзаш равона созад. Ин  эҳсосро шахсе  дарк карда метавонад, ки аз дили бузурги модар огаҳӣ  дорад. Маҳз дуои модарон аст, ки фарзандони онҳо дур аз чашмашон дар амн буда, бо сари баланд баъди адои хизмати ҳарбӣ ба наздашон бармегарданд. Дар дили писарон бедор кардани ҳисси миллӣ ва дур сохтани кинаву адоват  маҳз тариқи синаи раҳми модар ба фарзанд мегузарад.  Аз кӯдаке мепурсанд, ки бузург шавӣ кӣ шудан мехоҳӣ, дар посух мегӯяд, ки «мисли модарам  мард  шудан мехоҳам». 

Модар дар навбати аввал офаранда бошад, дар навбати дуюм тарбиятгар аст. Инсониятро дар ҳама синну сол тарбият менамояд. Тарбияи фарзанд аз давраи  тифлият аз ҷониби модар шурӯъ шуда то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ  идома меёбад. Акнун лаҳзаи он расидааст, ки писарони љасури модар шабҳои бехобӣ кашидаи ӯ дар сари гавҳора  ва фидо сохтани ҷавонию зебоии барбодрафтаашро бо хизмати содиқона ба Ватан   адо созанд.

Дар  даврони Иттиҳоди Шӯравӣ  ҷавонон даъватномаи комиссариати ҳарбиро  хӯш мепазируфтанд ва бо тӯю хурсандӣ  берун аз кишвари худ ба хизмати ҳарбӣ  рафта, марзу буми  давлатро ҳифз карда,  ё  ба қавле   ҳаққи  ҷавонмардиро барои давлати бузурги Шӯравӣ  адо мекарданд ва бо сари баланд ба Ватани худ бармегаштанд.

Худоро шукр, ки имрӯз мо  дар як фазои сулҳу субот, тинҷиву амонӣ қарор дорем, вале мутаассифона ҳастанд модароне, ки  садди роҳи ба хизмати ҳарбӣ рафтани фарзандонашон шуда, намегузоранд, ки фарзандони онҳо мисли дигарон рафта хизмат карда бо сари баланд баргарданд. Ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудаанд, ё ин ки хизмати аскариро сарбаландона  иҷро карданд онҳоро  ҳамчун  ҷавонони баркамол, мардони ҳақиқӣ  ном бурдан мумкин аст ва дар ҳар  шароите  набошад чун такягоҳ ба онҳо рӯ овардан аз эҳтимол дур нест. Имрӯз ҷавонони  моро  зарур аст, ки дар  навбати аввал қарзи мардонагии  худро адо сохта, пайвастан ба Қувваҳои Мусаллаҳро ҳадафи якуми хеш қарор диҳанд, то аз ин ҷавонмардии онҳо дигар писарон ибрат гирифта, барои  рафтан  ба  хизмати  ҳарбӣ   навбат  поида бо иродаи  қавӣ ва устувор  ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумњурӣ  равона гарданд.

Ҷавоне, ки  дар мактаби  мардонагӣ  обутоб  ёфтааст,  аллакай дӯстро аз  душман, хубро аз бад ва  таҳаммулпазириву қавииродагӣ, ҷасурию хайрхоҳӣ  ва  ба бунёд намудани оилаи солим омода ҳасту меҳри Ватанро пайваста дар ниҳодаш  мепарварад.

Ин аст ойини ҷавонмардӣ ! Бинобар ин шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ  моро водор месозад, ки дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ва ҳимояти он аз хатарҳои муосири  ҷомеаи имрӯз, аз қабили терроризму  экстремизм  худу дигаронро эмин нигоҳ  дорем. Зеро Ватани моро ба ҷуз аз фарзандони баору номус ва сарсупурдаи ин марзу бум, каси дигар ҳимоят намекунад.

 Боқӣ дар ҷодаи давлатдорӣ ва ҳифозати давлату миллат ба тамоми ҷавонону ҷавонмардони ин сарзамин,  нангу ор  ва ҳисси баланди ватандӯстию ватандорӣ таманно менамоям.

 

                                                                Мавзуна Сунатуллоева-  

                                                               мудири бахши  кор бо занон      

                                                             ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия