Бояд мувозинати фаҳм ва эътиқодро нигоҳ дошт!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Дар шинохти фаҳм ва эътиқод лозим аст, ки инсон бояд мулоҳизакор бошад. Зеро номукаммалию номураттабӣ ва шикасти мувозинат дар шинохти ин ду мафҳум инсонро ба мушкилот мувоҷеҳ месозад.

Фаҳм ё фаҳмиш вобаста аст аз сатҳи илмомӯзию донишмандии шахс. Ҳар қадаре, ки инсон донишманд бошад, ҳамон қадар дарки маънӣ ва хулосабарорию баҳогузорӣ дар таҳлили дилхоҳ масъала барои ӯ осон мегардад.

Эътиқод ба дунболи фаҳм дар вуҷуди инсон тавлид ва рушд ёфта, ҳар ду  мафҳум дар якҷоягӣ инсонро дар зиндагӣ такмил медиҳанд.

Аммо, бадбахтона чун сатҳи фаҳм аз эътиқод поён шуд, хавфи ифрот дар вуҷуди инсон боло меравад ва ин омил дар оянда ҳам барои худи шахс ва ҷомеа хеле оқибатҳои ногувор дорад. Яъне, чун инсон аз роҳи хато рафт амалу мавҷудияти ӯ дар озодӣ барои инсонҳои дигару ҷомеа хатар дорад.

Мутаассифона бархе аз ҷавонони мо сатҳи эътиқодашон аз сатҳи фаҳм тафовут дорад ва ин омили аслии гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гардида, дар охир қурбонии бозиҳои гурӯҳҳои манфиатдор мегарданд.

Дар ин росто, дарки одилонаи фаҳму эътиқод яке аз масъалаи ҳассоси ҷомеаи имрӯзи мост. Зеро дар замоне, ки аксари ташкилотҳои террористию экстремистӣ дар пардаи дини мубини ислом тамоми ҳадафҳои ғайриинсонии худро амалӣ месозанд, бояд сокинони мамлакати мо, махсусан насли ҷавон исломи воқеиро аз исломи ифротӣ фарқ гузорад. Дар таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, ки анқариб 80 фисади мусалмонҳои дунё пайравӣ менамоянд, дар ҳалли муаммо ва баҳсҳои динӣ, ки дар ояту ҳадис нест, ба ақлу фаҳми инсонӣ такя зада, таҳаммулпазириро асрори ҳама муваффақият, сарҷамъию ваҳдат ва оромию осоиштагии аҳли ҷомеа медонад.

Яъне, дарки дурусти фаҳму эътиқод ду мафҳуми воқеие мебошанд, ки мувозинати ҷомеа ва такмили рушди инсони комилро дар тули зиндагӣ раҳнамоӣ менамоянд.

Бинбар ин, дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону зиёиён ва ходимони дин аз 9 марти соли равон мебояд, ки ба ин масъалаи ҳассос ҳар чӣ бештар мо насли калон таваҷҷӯҳ зоҳир намоем ва  саҳми уламо ва ходимони дин бобати тарбияи дурусти аҳли ҷомеа, бухусус насли ҷавон бояд назаррасу холисона бошад.

 

 

            Меҳрдод, аъзои ҲХДТ дар   ноҳияи Ш.Шоҳин