АФЗОИШИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН .

Ш.Шоҳин:  

 Ҷиҳати баланд бардоштани шинохти ҳизб дар байни ҷомеа ва тарғиби ҳадафмандонаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст. Дар натиҷаи корбарӣ ва таблиғу ташвиқи масъулини ҳизбӣ меҳру муҳаббати сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бобати пайвастанашон ба сафи аъзогии ҳизб зиёд гардида истодааст.      Ба унвонии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аризаи аъзошавӣ чанд нафар кормандону омӯзгорони ҷавони муассисаи таълимии №20-и ноҳия ворид  гардид. Аз тарафи масъулини ноҳиявии ҳизб аризаҳои воридгардида мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.     Шаҳодатномаҳои ҳизбии аъзоёни навқабулгардида дар як фазои тантанавӣ супорида шуд.  

        Суратгузориш аз ҷараёни супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ :