МЕҲНАТ РӮСУРХИЮ САРСАБЗИИ ИНСОН АСТ!

Ш.Шоҳин: Андеша  

Сулҳу субот,  амнияти комил ва ваҳдати миллӣ, ки бо шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи бебаҳои таърих насиби мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамон гардиданд, дар даврони истиқлоли давлатӣ барои сокинони Ватани азизамон шароити созгори рушд ва кору зиндагӣ дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамзистии осоиштаро фароҳам овард.

Мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд.Тоҷикистони азизамонро сокинони боору номус боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд. Шароити якуминдараҷа барои мардум ин фазои тинҷу ором ва сулҳу субот мебошад, ки ин неъмати бебаҳо барои  сокинони мамлакат арзон насиб гардида, бояд ҳар фарди боҳушу  боандеша барои беҳбуди бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии оилаи худ меҳнат кунад.

Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки “Меҳнат шараф  ё  рӯсурхии инсон аст”. Шахсе ки меҳнат мекунад ба қадри меҳнати дигарон мерасад. Завқи меҳнат карданро дар замири насли наврас  аз хурди пеш аз ҳама дар муҳити хона аз тарафи волидон бедор бояд кард, чунки фарзандоне ки эрка калон мешаванд дар оянда танбалу коргурез ба воя расида  на танҳо ба оила, балки ба ҷамъияту давлат низ хисорот мерасонанд.

Тавре, ки ҳамагон медонем мамлакати мо ҷумҳурии аграрӣ-индустриалӣ буда, боигарии давлату буҷаи ҳар як сокини кишвар аз ҳосили фаровони ғалладонагиву сабзавот ва меваҷоту пахтаи аълосифат, маншаъ мегирад,

Ҷиҳати вусъат бахшидани истеҳсоли маводи истеъмолии ватанӣ ва самаранок истифодабариии заминҳои наздиҳавлигӣ бобати баланд бардоштани некуаҳволии сокинон деҳқонони ноҳия ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳар як ваҷаби заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиро самаранок истифода бурда истодаанд.

Мардуми  меҳнатқарини  Ватани азизамон дар ин рӯзҳои баҳорӣ аз боду ҳаво ва шароитҳои мусоид истифода бурда ба хоки зархез донаи  умед мекоранд то дар оянда барои пур кардани анбори оилаи хешу дигарон аз подоши дастранҷи худ баҳра баранд.

Дуруст  гуфтаанд, ки  “То ранҷ набарӣ ганҷ ба даст наорӣ!” аз ин ҷост, ки занону бонувон низ  баҳри зиндагии шоиста  аз мардони хона қафо намонда барои пурнозу пурбаракат гаштани дастархонашон меҳнат мекунанд.

                                                                 

   Мавзуна Сунатуллоева-

                                               Мудири бахши кор бо занон

   ва ҷавонони КИН ҲХДТ