ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ХУДШИНОСӢ ТАРБИЯТ МЕНАМОЕМ!

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳад.  Дар таърихи 27-уми марти соли равон масъулини ҳизбӣ бо аъзоёни намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии № 9-и ноҳия вохӯрӣ доир намуданд. Вохӯрӣ фарогири масъалаҳои мубрами рӯз аз қабили фарзандонро дар роҳи илмомӯзиву худогоҳӣ ва одоби ҳамидаи инсонӣ тарбият менамоем, экстремизму терроризм вабои аср ва риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фарогир буда, баромадкунандагон зимни суханронӣ доир ба ин масъалаҳо ибрози андеша намуданд.

                                                                           

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохурӣ :