ҶАВОНОН ОЯНДАИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ.

Ш.Шоҳин: Созандагони ватан  

 Ҷавонон  ояндаи давлату миллат ба шумор рафта, муаррифкунанда ва ояндасози имрӯзу фардои Ватан ба шумор мераванд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд.   Дар арафаи истиқбол аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ масъулини ҳизбӣ бо аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №2 вохурӣ доир намуданд. Масъулин зимни баргузории вохӯрӣ дар байни хонандагон доир ба мавзуъҳои рӯзмарра аз қабили хусусиятҳои тарбиявии ҷашни Наврӯз,   ба ҷо овардани  эҳтироми калонсолону волидайн ва омӯзгорон, дурӣ ҷустан аз нашъаву нашъамандӣ ва дигар  ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ибрози андеша намуда, ҷавонону наврасонро ҷиҳати доштани одоби ҳамидаи инсонӣ ва илмомӯзӣ таъкид сохтанд.                     

 Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохурӣ :