Чашми ҳақбини хиёнат кур аст….

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Мусаллам аст, ки  ҷомеаи имрӯзаи  ҷаҳон мушкилоти ба худ хос дорад. Ҷойе аз мушкилоти амниятӣ хавф доранду ҷойи дигар аз камбуди обу маводи ғизоӣ. Дар умум шароити ҳассосу пешгӯинашаванда ба қавле инсонҳоро дар ҳазми воқеаю рӯйдодҳо ва баҳогузории мунсифонаи таҳаввулот дар дохилу хориҷ аз кишварҳояшон ҳайратзада кардааст.

Новобаста аз вазъи бамиёномада, хушбахтона мардуми кишвари мо дар муҳити амну осоишта кору зиндагӣ доранд ва дақиқкорона ба таҳаввулоти ҷаҳон назару баҳогузорӣ менамоянд. Чун насли калони Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шоҳиди ҳама бесарусомонию бенизомӣ дар кишвар буданд, оқибатҳои он рӯзҳои шумро медонанд ва дар пасманзари қудратталабии гурӯҳҳои бадхоҳ ҳамчун садди боэътимод бобати ҳифзи арзишҳои фарҳангию миллӣ ва субботу ваҳдат дар мамлакат ҷаҳд хоҳанд кард.

Мутаассифона ҳамоно инсонҳои бадгуҳару бадтиннат, ки муҳити тарбиявии ҳамида надоштанду надоранд ҳамоно аз мушкилоти андаки ҷомеаи мо валвалаю тавтеа  барпо намуда, аз хориҷ аз кишвар барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои нопокашон  ақидаҳои ҷаҳлию бепояи худро бо истифода аз минбари арзони шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет мехоҳанд  дар ҷомеаи суннати мо паҳну парешон созанд. Ба ақидаи дигар, бо ин васила мехоҳанд, ки мардуми кишвар, хусусан қишри ҷавони моро ба доми найрангу тазвир таҳрик созанд.

Маълум аст, ки хиёнат ва ё хиёнаткор чашми ҳақбин надорад. Ё чизи дигар ин ки хиёнаткор ҳамеша ҳақиқатро тобиши манфӣ медиҳад ва мехоҳад аз ин ба қавле «рисолати таърихӣ»-аш манфиате ба даст орад. Манфиат, яъне чӣ-пул, мол, сарват, бойгарӣ ва аз ҳама муҳим аудитораияи ба худ хоси бо андешаи шахшуда мусаллаҳ.

Барои расидан ба ҳадаф аз ҷониби душманони миллат тамоми роҳҳои имконпазир истифода мегарданд. Ҳатто як «фаришта»-е дар барномаи муғризонаи «Садои мардум», ки зери назари ташкилоти террористию экстремистии гурӯҳи 24 кору амал мекунад, ёдрас мегардад, ки аз рӯзи пайвастану тамошо кардани чунин барномаҳои тавтеасос «файзу баракат»-аш дар зиндагӣ  афзудааст. Яъне,  ин «фаришта ё худ ҳурри биҳиштӣ» рӯи рост бо ин ақидагузорию василаи осон паҳн кардани ахбори бардурӯғ аз барномаи хоинони миллат «биҳишт» офаридааст, ки ин ҳолати баёни андеша хеле хандаовару боварнокарданист.

Ин «фаришта» фаромӯш кардааст, ки зиндагии шоиста барои инсон танҳо дар натиҷаи заҳмату меҳнат рӯи даст меояд. Ва агар ӯ бо роҳи хиёнат ва гузашт аз пайроҳаи макру фиреб даромаде ба даст овардааст, ин барои мо муаммо нест, зеро аксари хоинон дастнишондоди дасти дуввуму сеюманд ва тавассути сармояву маблағ Ватан-Модари худро арзон фурӯхтаанд.  

Дар ин росто таъкид медорем, ки бо тамошои кадом як барномаи муғризона ҳеҷ гоҳ файзу баракат ҳамқадами инсон нахоҳад шуд. Танҳо андешаи солиму заҳмату фидокорӣ барои имрӯзу фардо моро ба зиндагии шоиста мерасонад ва дар ин масир инсонҳои комилро месазад, ки набояд фирефтаи андешаи хоинону бадкорони Ватан шуд.

Ба андешаи баъдӣ:

         Чашми ҳақбини хиёнат кур аст

         Файсали роҳи хато ноҷур аст

         Шамъи ақл рушании роҳи сафар,

         Ақл чун хира бувад, бенур аст.

 

Меҳрдод, аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин