Терроризм ва ифротгароӣ падидаи хатарзою номатлуби ҷомеаи муосир!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеаи муосир рӯз аз рӯз дар ҷомеаи башарӣ домон паҳн карда, ҷони ҳазорҳо инсонҳои бегуноҳро зери хавфу хатар мебарад. Метавон ин падидаи номатлубро ҳамчун вабои аср ном бурд ва мусаллам аст, ки дар муқобили он тамоми сохторҳои ҷомеаи башарӣ муборизаи беамон мебарад.

Дар ин росто мо ҷавонони даврони истиқлолро зарур ҳаст, ки пайваста ба омӯхтани илму дониш, иродаи қавӣ дӯст доштани Модар- Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амали кирдорҳои номатлуб дур бошем ва тамоми нерӯи худро барои мубориза бар ин хатар сафарбар намоем.

Эҳсос мешавад, ки дар кишварҳои ақаллияти мусалмонӣ домони терроризму ифротгароӣ аз истифодаи моҳиронаи дину мазҳаб сарчашма гирифта, аксари инсонҳо, бахусус ҷавонони ноогоҳ туъмаи гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохилию хориҷӣ мегарданд.

Ҳамин аст, ки  хоинони миллат дар кишварҳои хориҷӣ бо дастнишондоди хоҷагонашон зери шиори исломгароӣ ва истифода аз минбари дини ислом ҳамеша сари ноором кардани авзои сиёсӣ дар кишвари мо мақсадҳои нопок доранд. Бо домон паҳн кардани истифодаи интернет ва дастрасии аҳолӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ хавфи ифротгароӣ ба маротиб афзоиш ёфта, мағзшӯии ҷавонону наврасон ва аз роҳи гумроҳию ақидашӯӣ пайвастан ба гурӯҳҳои даҳшатафкани иртиҷоиро  миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа тавсеа медиҳад.

Бинобар ин, лозим аст, ки ба масъалаи истифодаи мунсифонаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва маданияти истифодаи интернет дар замони ҷаҳонишавӣ аз ҷониби волидону сохторҳои марбутта корҳои таблиғотию назоратӣ бештар рӯи даст гирифта шаванд.

Тайи  солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё  аз тарафи террористону ифротгароён ҳадафи ҳамла қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои ғайриинсонии онҳо  одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар одамон макону манзили зисташонро тарк кардаанду доғи ин вабои асрро чашидаанд.

Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон  ҷони  худро дар хатар гузошта барои миллати тоҷик сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва шукуфоии  Ватанамон талош меварзанд. 

Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолиро мебояд, ки ба қадри оромию осудагии мамлакатамон расем ва нагузорем, ки нохалафе барои ноором сохтани вазъ дар кишварамон саъй кунад. Оромиву осудагии Тоҷикистони азиз аз хизмати содиқонаи ҳар як сокини мамлакат, бахусус ҷавонони ватандӯсту қавиирода вобастагии зич дорад ва дар ин роҳи басо масъулиятнок мо ҳамеша омодаем.

 Зуҳрои Сикандар, аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин