ИНТИҲОИ РОҲИ ХИЁНАТ БЕШАРАФИЮ БЕОБРӮИСТ!

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Душман дар рӯ ба рӯ барои  эҳсоси  мубориза ва интиқом ба  таври ирсӣ инсонро  омода месозад. Зери назорат будани ҳудуди муайян ҳангоми муқовимат  шахсро водор месозад, ки эҳтиёткор бошад  ва вобаста ба вазъият амал кунад.

Мутаассифона, вақте ки душман дар дохил аст, шинохтанаш хеле мушкил ва мубориза бо ӯ даҳчанд гарон меафтад.

Соли 1997 баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ миёни аъзои ҳукумати конститутсионӣ ва тарафдорони гурӯҳҳои мухолифи давлат сулҳу салоҳи доимӣ дар Тоҷикистон барқарор шуд. Дар асоси қабули як қатор санадҳои ҳамкории байниҳамдигарӣ собиқ размандагони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ба қадри 30 дарсад ба вазифаҳои калидии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Ба хотири сулҳу осоиштагии мардум ва пешрафти давлату миллати тоҷик бо вуҷуди хиёнаткорию вайронкориҳои мутаассили гурӯҳи муқобил онҳо чун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи зиндагии осоиштаро дар кишвар пайдо карданд. Барои онҳо шароити баробари кору зиндагӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шуд. Дуруст аст, ки як қисм аз ин афрод хатоии таърихии худро фаҳмида  бидуни макру фиреб ва хизматгузорӣ ба хоҷагонии хориҷиашон ба зиндагии осоишта   баргаштанд ва имрӯз воқеан зиндагии шоиста низ доранд.

Вале як қисми дигар ҷойи шукргузорию баргаштан ба зиндагии осоишта дар либоси дӯст ҳамоно содиқ ба хоҷагони хориҷиашон боқӣ монданд. Ва онҳо фаромӯш карданд, ки ватанфурӯшону  хоинон дар ду дунё рӯсиёҳ хоҳанд буд…

Амали хиёнаткоронаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар соли 2015 ва ҷоҳталабию манфиатхоҳии саркардагони ин ташкилоти иртиҷоӣ симои ғашу нафратовари ин гурӯҳи манфиатхоҳро  бори дигар назди ҷомеа бармало намудор намуд. Бори дигар назди миллат собит гардид, ки гурӯҳҳои манфитхоҳ ҳеҷ гоҳ оромию осоиштагии кишвари моро намехоҳанд ва дар оташе, ки худ афрӯхта буданд, онҳо бори дигар сухтанд. Аниқтараш, овораю сарсон дур аз Ватан гардиданд ва аз симои аслию мақсадҳои разилонаи худ мардумро бо пуррагӣ огоҳ сохтанд ва собит карданд, ки ба миллату давлат онҳо ҳеҷ вақт созгор нестанд.   

Алорағми бадхоҳону бадкорони миллат мо ҳамагон ба ояндаи дурахшони  Тоҷикистон хушбинем. Ва сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаҷониба рушду тавонмандии миллати тоҷик мусоидаткунанда буда, бори дигар моро водор месозад, дар атрофи ақидаҳои давлатсозии Роҳбарияти олии сиёсии кишвар якдилу сарҷамъ бошем. Зеро бузургии миллати тоҷик дар ваҳдату якдилист. Ва ҳамин ваҳдату якдилӣ моро ба дурри мақсуд ва ояндаи дурахшони Ватан, ки номаш Тоҷикистон аст, ҳатман мерасонад.

 

Абдураҳмонов Сулаймоншо, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.