ТАНЗИМИ ҲАРАКАТИ АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc:  

Санаи 3 августи соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии “РАСИН”-и ноҳияи Шаҳритус, тибқи “Раҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” ва бо мақсади муайян намудани низоми дурусти бақайдгирии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбӣ, муқоисакунонии аъзои ҲХДТ аз рӯи варақаи шахсии узви ҳизб, таҳкими низоми ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла китоби бақайдгирӣ дар ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба танзими ҳаракати аъзои ҳизб аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус санҷиш гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  вобаста  ба ҳаракати аъзои ҳизб, тарбиби ҳуҷҷатгузориҳои аъзо ва дигар масъалаҳои марбут ба ташкилоти ибтидоӣ  суҳбат карда, ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои варивақтӣ доданд.