ШОМИЛКУНИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ ТАРИҚИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Шаҳритуc: Вокуниш  

         Тоҷикистонро имрузҳо тамоми давлатҳои ҷаҳон бо расмият мешиносанд, мо бо бисёре аз давлатҳо ҷаҳон дар самтҳои гуногун ҳамкори мекунем ва рафту омад дорем.  Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯ ба тарақи дораду мардумаш осудаҳол дар фазои тинҷиву оромӣ зиндагиву фаъолият мекунанд.

          Вале сад афсус, ки ҳоло ҳам ҳастанд нафароне, ки ба қадри тинҷиву оромии Ватани азизамон намерасанду ба ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мепайванданду даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ мезананд онҳо фикр намекунанд, ки ин амали онҳо боиси халалдор шудани оромӣ дар ҷомеа мегардад.

          Ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ  бисёртар ҷавононеро ба доми худ меафтонанд, ки дониши хуби диниву сиёсӣ надоранду ва зуд боваранд.

           Шомилкунии ҷавонон ба ҳаргуна ташкилотҳои тундрав дар солҳои охир асосан тариқи сомонаҳои  интернетӣ сурат гирифта истодааст.

           Аз сабабе, ки ҷавонон имрӯза бисёртар рӯ ба шабакаҳои интернетӣ ниҳодаанд аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ  аз ин истифода намуда ҷовононро бо пахши саптҳои видеоӣ асосан дар сомонаҳои (YouTube), (Facebook), (Telegram) мехоҳанд майнашуи кунанду ва дар дили онҳо нисбати давлату ҳукумат бадбиниро ҷой диҳанд. Имрӯзҳо ингуна ташкилотҳои ифротӣ  тамоми нерӯи худро бар он равона кардаанд, ки Тоҷикистони азизиморо ноором кунанд.

           Аз ин лиҳоз ҳамарӯза тариқи шабакаҳои интернетии  дар боло зикр гардида ҳаргуна барномаҳои онлайнӣ ва саптҳои видеоӣ  бар зидди давлату роҳбарони ҳукумати мо таҳия намуда  ба ин восита меҳоҳанд ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд.

          Аъзоёни чунин гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ  асосан дар давлатҳои хориҷа паноҳ ёфта бо ёриву дастгирии хоҷагони хориҷиашон ин гуна барномаҳоро таҳия ва пахш мекунанд. Агар мавзӯъҳои пайгирифтаи онҳоро таҳлил кунем ҳамаашон беасосу бедалел буда дар барномаҳояшон танҳо нафарони гумроҳе, ки онҳоро пайгири мекунанд бо маслиҳати пешаки баромад намуда давлату миллатро паст мезананд.

            Аз ин лиҳоз мо шаҳрвандон алалхусус ҷавонони Тоҷикистони азиз ба ҳар гуна фитнаву иғвоҳои хоинони миллати тоҷик дода нашавему, балки тамоми неъруи худро барои пойдор нигоҳ доштани  ободиву тиҷвиву оромии  Ватани азизамон сарф намоем.

 

Ҳамрозода О. - Мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи  электронии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус