ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - КАФИЛИ БЕХАТАРӢ ВА ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Шаҳритуc: Андеша  

 Ватан, чӣ қадар калимаи зебост. Вақте инсон ин калимаро ба забон меорад, пеш аз ҳама он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст ва ин макон барои ҳар шахс азизу муқаддас аст. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.

          Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мордонагӣ омӯзем.

          Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

           Артиш ё худ Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

            Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

 

Ҳамрозода О. - мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи  электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус