БОЯД ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ВАТАНИ ХУДРО ДӮСТ ДОРАД ВА ХИЗМАТАШРО МАРДОНАВОР БА ҶО ОВАРАД

Шаҳритуc: Андеша  

          Ҳар як ҷавонписар пас аз хатми мактаб хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд вазифаи аввалиндараҷа  шуморанд.

Бояд ҳар як шахс Ватани худро  дуст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин Ватани зебо аст.

          Аз даврони пеш ҷавонмардоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд, онҳо соҳиби ҳурмату эҳтироми ҳамагон буданд ва ба онҳо мардум ҳаматарафа эътимоду боварӣ мекарданд.

         Мо бояд  марзу буми Тоҷикистони азизамонро муҳофизат намоем, зеро хатарҳои муосир аз қабили терроризму экстремизм, ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуб ба арзишҳои милли мо,  ба сарзамини мо, ба тамаддуни мо, ба забони мо, ба ҷомеаи мо, ба аҳли оилаи мо таҳдид дорад.

          Бояд қайд кунам, ки ҳарчанд, ки мо  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ба даст овардаем вале ин маънои онро надорад, ки дигар ба давлати мо хатаре таҳдид намекунад, баракс мо  бояд  дучанд кӯшишу талош кунем то, ки оромии Тоҷикистони азизи мо пойдор бимонад.

           Боз як чиро хотиррасон шавам, ки хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс буда, хизмат ба Ватан ин хизмат ба модар аст.

           Агар  дар оилаву мактаб фарзандонамонро ба ахлоқи ҳамида, хонишу соҳиби маърифат будан тарбия кунад,  пас дарси мардонагиву ҷасорат, шуҷоат ва ҳифзи ватан, қавиирода будан, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротиро дар хизмати ҳарбӣ меомӯзонад.

 

Ҳамрозода К. - Муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус