ТАЪМИРИ РОҲ ҲАМ КОРИ ХАЙР ВА ҲАМ САВОБ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 июни соли 2022 бо ташаббуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ва аъзои фаъоли ҳизб-саховатмандону соҳибкорон, ташкилоти ибтидоии деҳаи Лолазор-4 аз он ҷумла раиси ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов  Таваров Нурулло, раиси ташкилоти ибтидоии  деҳаи Лолазор-4 Мамашарипов Нодир ва аъзои фаъоли ҳизб-саховатмандону соҳибкорон деҳаи Лолазор-4, барои созандагӣ ва  истиқболи  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмири болопуши роҳ ва таъмири чуқурчаҳои роҳ дар деҳаҳои Лолазор-1, Лолазор-2, Лолазор-3 ва Лолазор-4 ва бо ҷалби кормандони ташкилоти ибтидоии МДНРА (роҳсоз) дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.

         Бояд қайд намуд, ки бо ташаббус ва иқдоми пешгирифтаи раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов Таваров Нурулло бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб-саховатмандону соҳибкорон  деҳаҳои Лолазор-1, Лолазор-2, Лолазор-3 ва Лолазор-4 шоҳроҳи байни деҳаҳо чароғонкунонӣ карда мешавад.