АМАЛИЁТИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ»!

Шаҳритуc:  

Санаи 26.06.2022 сол бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Ваҳдат ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» ва «Чорбоғ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта,  қабл аз оғози Аксия мавсуф бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.