ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС

Шаҳритуc:  

Санаи 27 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бо иштироки  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода З.,  муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, вакилони Маҷлиси вакилони халқи  ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонону фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ вохӯриву мулоқот, оиди шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин   (9-марти соли 2024) баргузор  гашт. 

         Ҳамчунин дар баргузории вохӯриву мулоқот муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., дар аввал ба сухан баромада ба иштироккунандагон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар-ро муарифи намуд.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Мирзобадалзода К., вобаста ба шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин   (9-марти соли 2024 баргузоргардида)  баромад  намуданд.