СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” “Ташвиқ ва баргузории аксияи ҳизбии “Мактаби ман” таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкунандагон ва дигар фаъолон, кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов деҳаи Чинор,  бинои иловагӣ ба истифода  дода шуд.

         Инчунин, дар назди муассисаи таълимии мазкур  ишооти   гигенӣ- ҳоҷатхона ва ҷойи дастушӯӣ бо усули деренажӣ  ба нақша гирифта шудааст.