ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «МАШЪАЛИ ШАҲРИТУС»

Шаҳритуc:  

 

Дар ашкилоти ибтидоии ҳизбии «Машъали Шаҳритус» - и Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус санаи 23 марти соли 2024 дар ҳамбастагӣ бо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байнанмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии тантанавӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус” ва масулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, баромад намуда  қайд намуданд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад.

Ҳамзамон аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Машъали Шаҳритус” ва масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба як қатор омӯзгорони собиқадор, ҷавондухтарони донишҷӯ барои хизматҳои содиқона, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бо туҳфаҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.