РАСОНИДАНИ ЁРИИ МЕТОДӢ БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Шаҳритуc:  

Санаи 5.03.2024 бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии “Сино” (КАТС-маркази саломатӣ)  бо иштироки роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ семинар-машварати дастурдиҳӣ, оиди ҳуҷҷатгузори тибқи “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоӣ” доир гардид.

         Бояд қайд кард, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд намуд, ки   дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо 8-номгуй ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва бо ин восита, муайян намудани шумораи дақиқи аъзои ҳизб, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, ба роҳ мондани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва муҳосибавӣ Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявӣ», ҳамзамон барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.