МУЛОҚОТ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Шаҳритуc:  

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус бо роҳбарии раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуллозода Т.М., муовинони раиси ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила, КИ ҲХДТ дар ноҳия, шуъбаи маориф, КАТС- ноҳия дар ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо шаҳрвандон ва ҷавонони ҷамоати деҳоти мазкур мулоқоти судманд доир гардид.

Дар суханрониҳои худ масъулин иброз доштанд, ки имрӯзҳо вазъи ҷаҳони наонқадар хуб ба назар мерасад баъзе гурӯҳҳои манфиатҷу бештар ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳу равияҳои иртиҷоӣ мебаранд ва ҳамаи мо фаъолон, падару модаронро зарур аст, ки нисбати такдири насли наврасу ҷавон бетараф набошем, фарзандони баору нанги ин миллатро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда баҳри адои хизмати Ватан-модар ва эҳтирому арҷгузории манфиатҳои миллӣ хосатан ба қадру манзалат ва эҳтироми падару модар расидан сафарбар кардан зарур аст.

Инчунин бо мақсади пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи нодурусти шабакаҳои интернети миëни наврасону ҷавонони дар хориҷи кишвар қарор дошта бештар ба назар мерасанд, ки ба роҳҳои нодуруст бурда истодааст ва таҳти назорати доимии падару модарон дигар фаъолон қарор дода шавад.

Дар идомаи суҳбат оид ба нуқтаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 доир гардида буд, дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин шарҳ дода шуд.