БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ  «РӮЗИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз он ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ  бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони «ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор»  бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, санаи 14 марти соли 2024  бо ташаббуси  масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Ҷамъият-деҳқон», бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, инчунин саҳмгузори ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар кучаву маҳаллаҳо,  таҳти унвони  «Рӯзи ободониву созандагӣ» шанбегии дастҷамъона ташкил гардида бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Ҷамъият-деҳқон» ва  аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирду атрофии ташкилоти ибтидоӣ, гирду атрофи деҳа ва ҷуйборҳои обгузар аз хазонрезаҳо тоза гардида, таги дарахтон нарм карда шуда  дар сатҳи баланд баргузор гардид.