Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Панҷ

Панҷ:  

   Имрӯз,  дар  толори ташкилоти ибтидои ҳизбии “Нури Ваҳдат” – и ноҳияи Панҷ  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин   доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Нидозода Ҳ ва  Раҷабзода М, раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизби “Нури Ваҳдат”   Самиев .С,  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ , роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо ва эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъа иштирок доштанд.

Вакили мазкур Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динро  шарҳу тавзеҳ доданд.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихобкунандагон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.