83138 2-40-07

Назурулоев  Идибой  Бузмакович – Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Норак.

   Назурулоев  Идибой  Бузмакович 3 январи соли 1968 дар ноњияи Данғара дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1985 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №8-и ноњияи Данғараро хатм намуда, худи њамон сол ба Донишкадаи давлатии тиббии шањри Днепропетровски Ҷумҳурии  Украина ба факултетаи гигиенаи санитарӣ-эпидемиологӣ дохил шуда, соли 1993 донишкадаи номбурдаро бо ихтисоси духтури гигиенаи санитарии эпидемиологї ва беморињои касбї  хатм намудааст.  Солњои  1986 - 1988 дар  сафи  Ќуввањои  Мусаллањи  собиќ Иттињоди Шўравї адои хизмат намудааст.

         Фаъолияти  мењнатиашро  аз соли 1993 дар  Маркази назорати  давлатии санитарӣ-эпидемиологии шањри Норак ба сифати духтури эпидемиологии шаҳри Норак оғоз намуда, то соли 1996 дар маркази номбурда  кор кардааст.

         Солњои 1996 - 2007  сардори  филиали  нафтанбори дар шаҳри Норакбудаи  ноњияи  Кофарниҳон  (ҳозира шаҳри Ваҳдат),  солҳои  2007-2011 сармутахассиси бахши љавонон, варзиш ва сайёњии шањри Норак,  солҳои   2011 - 2013 мудири бахши љавонон,  варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак, солҳои 2013 - 2014  муовини  сардори идораи манзилї-коммуналии НБО-и Норак ба номи Т. Ўлҷабоев  шуда кор кардааст.

         Аз соли 2014 то инљониб вазифаи  сардори муассисаи давлатии  «Обҳои нўшокӣ ва коррезӣ-и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норакро ба уҳда дорад