83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади ободу зебо намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Норак пайваста Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардида истодааст.

              Ин навбат дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Аксияи ҳизбӣ дар назди бинои  Кумитаи иҷроия доир карда шуд.

 

 Маврид ба зикр аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроия ҳашари дастаҷамъона ташкил намуда дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳо, нарм намудани зери гулу буттаҳо ва тоза намудани гулгаштҳо аз алафҳои бегона саҳми босазои худро гузоранд.