83138 2-40-07

БА  ҒОЛИБОН  МУВАФФАҚИЯТ  МЕХОҲЕМ

Норак:  

 Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” дар шаҳри Норак  87 нафар аз рӯи 5 номинатсия ҳунарнамоӣ намуда, 59 нафар довталаб ба даври вилоятӣ бо баҳогузории ҳайати ҳакамон роҳхат ёфтанд.

 

                  Абдуллоева Зунира хонандаи синфи 8-уми МТМУ-и №9 аз рӯи номинатсияи дизайнер ва мӯд  сазовори ҷойи 1-ум, Абдуллоева Моҳсанам хонандаи синфи 9-уми МТМУ-и №9 аз рӯи номинатсияи дизайн, жанри санъати ороиши амалӣ сазовори ҷойи 1-ум, Назарзода Руфина хонандаи синфи 8-уми МТМУ-и №12  аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ ва сазовори ҷойи 2-юм, Набиева София хонандаи синфи 7-уми МТМУ-и №4 аз рӯи номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайни бофандагӣ сазовори ҷойи 1-ум  зери роҳбарии омӯзгори соҳибтаҷриба аз МТМУ-и №4  Шокирова Дилором барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба ин ҷавони эҷодкору ҳунарманди шаҳри Норак муваффақиятҳои беназирро таманно мекунад.