83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОФТОБАК”-И ШАҲРИ НОРАК.

Норак:  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бустон”  тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассисаи томактаби мазкур Аксияи ҳизбии " ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор " яъне тоза намудани гирду атрофи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак”  баргузор гардид.

Кормандони ташкилоти  мазкур дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорони ҳизб бо меҳнати софдилона гулҳову дарахтони ташкилотро нарм карда.

Инчунин гирду атрофи корхонаро ободу зебо гардониданд. Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.