83138 2-40-07

Дар партави роҳнамоии ақидаҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Норак: Андеша  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами ҲҲДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки « Мо заҳмати устодону омўзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.

Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки онҳо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кўшиш кунанд.»        

«Агар омўзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем».

Бинобар сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта, ҳамаи соҳаҳои тараққиёти мамлакат фалаҷ гашта, аз ҷумла таъсири манфии худро ба соҳаи маориф низ расонидааст. Ќисми зиёди омўзгорони касбӣ он рўзҳо ватанро тарк намуданд, қисми дигарашон ба вазифаҳои дигари даромадаш беҳтар, ё ба касби тоҷирӣ гузашта, то имрўз мо норасоии омўзгорони ихтисосмандро дар муассисаҳои таълимӣ эҳсос карда истодаем.

Бояд хотиррасон намоям, ки омўзгорони фидоӣ ба музди маоши паст, ранҷу азоб ва бесару сомониҳои ҳамон вақта нигоҳ накарда, дари муассисаҳои таълимиро набастанд, моҳҳо музди маош намегирифтанд, талаб ҳам намекарданд, аз таълиму тарбия даст накашиданд, онҳо ба синну сол нигоҳ накарда, то ҳол дар паҳлуи мо заҳмат кашида истодаанд.

Воқеаҳои дар боло зикр гашта, сабаб шудаанд, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои кутоҳмуддати омўзгорӣ, филиалҳои ғоибонаи коллеҷҳои омўзгориро таъсис диҳем, аммо муттаасифона, дар ин даргоҳҳои муқаддас шахсони тасодуфиеро низ ба таълим фаро мегиранд, ки бе мақсад, аз зарурат пешаи омўзгориро касб намудаанд ва ин яке аз сабабҳои паст гаштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ гашта истодааст. Баъзе аз ин хатмкардагон ахлоқу одоби дурусти педагогӣ надошта, аризаи оддиро ҳам бе хато навишта наметавонанд.

Пешвои миллат дар паёми худ иброз доштанд ки; « Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем.»

Ба манфиати кор мебуд, ки минбаъд аз миқдор ба сифат гузашта, дар ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки омўзгор тайёр карда мешаванд, шуъбаҳои пулакӣ баста шуда, довталабони донишгоҳҳо, коллеҷҳои омўзгорӣ, танҳо тавассути озмунҳо ройгон ба таълим фаро гирифта шаванд. Бинобар ин қарзи худ мешуморам, ки аз китоби устод Баён Раҳимов, А.С. Макаренко «Дар бораи таълиму тарбия» истифода намуда, баъзе аз масъалаҳои муҳиме, ки имрўз моро бе тараф гузошта наметавонад, ба самъи хонандаи гиромӣ расонам.

«Мактаби мо,- гуфта буд А.С. Макаренко,-вазифадор аст, чунон одамеро тарбия намояд, ки ба ҷамъияти мо зарур аст;»

Мо бояд чунин одамеро тарбия намоем, ки гуфта буд ў, вобаста ба шароити ҳаёт ва муборизааш, - хушмуомила, ҷиддӣ, некбин, хушҳол, зиндадил ва боинтизом бошад, мубориза барад ва эҷод кунад, қобили зиндагӣ бошад, ҳаётро дўст дорад ва хушбахт бошад.

Муҳимтарин талаботи педагогии Макаренко ин тарбияи коллективӣ мебошад. Ў дар навбати аввал иллатҳои тарбияи фардии замонашро сахт танқид карда гуфта буд, ки хусусиятҳои ҳар як инсон танҳо дар коллектив ба таври пурра ва ҳаматарафа тараққӣ карда метавонад. Педагог тарбия кардани сифатҳои фардии шахсро бояд ҳамеша дар назар дошта бошад, вале роҳи асосии ба шахс наздикшавӣ коллектив аст. Дар коллектив хислати хеле наҷиби одам- маҳорати ба манфиатҳои ҷамоъат ва ҷамъиятӣ итоат кунонидани манфиатҳои шахсӣ тарбия карда мешавад. Ў инчунин нишон дод, ки онҳо ба рафиқи худ итоаткарда ва ба рафиқи худ амр карда метавонистагӣ бошанд.

Мутаассифона мо имрўз ақидаҳои Макаренкоро сарфи назар намуда, дар бисёр муассисаҳои таълимӣ тарбияи коллективиро дуруст ба роҳ намондаем, созмонҳои талабагӣ, ки яке аз рукнҳои калидии тарбияро ба дўш дорад, дар мактабҳо бо шиори бояду шояд кор карда истодааст. Корҳои тарбиявиро дар ин самт мувофиқи мақсад ба роҳ намондаанд. Дар хонандагон малакаҳои худтанқидкуниро бедор намекунем, хонандагон имрўз, натанҳо гуноҳҳои якдигарро ислоҳ намекунанд, балки гуноҳҳои якдигаро рўйпуш намуда, ошкор кардан намехоҳанд, ба ин баъзан омўзгорон, роҳбарони синфҳо ва падару модарон низ мусоидат менамоянд.

Муҳаббати самимӣ, - гуфта буд А.С. Макаренко- нисбат ба тарбиягирандагон ҳатман серталаб буданро талаб мекунад. Мо чӣ қадаре, ки нисбат ба одам серталаб бошем, ў ҳамон қадар аз ҷиҳати ахлоқӣ хубтар тарбия меёбад;

Пешвои муаззами миллати мо такрор ба такрор таъкид менамоянд, ки њушёрї ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

А.С. Макаренко низ одамонро даъват менамуд, ки сулҳ ва меҳнати осоиштаи худро муҳофизат намоянд. Ў ҳамеша хотиррасон мекард, ки ҳаёти мо, бахти мо дар дасти худи мост, бинобар ин бояд ҳамеша ҳушёр ва нисбат ба душманон оштинопазир бошем.

Кори тарбиявие, ки мақсади он аз ҳар ҷиҳат ба таври васеъ, ҳаматарафа, муфассал муайян карда нашудааст, вай ба кори тарбиявии аз сиёсат дуршуда бурда мерасонад. Бинобар ин тарбиядиҳанда бояд дар назди худ мақсад гузорад, ки ў киро тарбия кардан мехоҳад ва мақсади ин тарбия аз чӣ иборат аст.

Дар соҳаи тарбияи хислат (характер) бошад, гуфта буд А.С.Макаренко, мо бо талабагон қариб ҳеҷ коре намегузаронем. Талаба то гуноҳе содир накунад, ба тарбияи ў машғул намешавем, ҳамин ки талаба якчанд гуноҳ содир кард, баъд ба тарбияи ў шуруъ мекунем.

Талабае, ки ягон гуноҳ содир накардааст, аз доираи назари мо дур мемонад, мо ҳатто кўшиш ҳам намекунем донем, ки ин талаба куҷо меравад, ба чӣ кор машғул мешавад, дар табиати ў чӣ навъ хислат (характер) расмият ёфта истодааст ва ғайраҳо. Натиҷаи ҳамин аст, ки навишта буд А.С.Макаренко дар мақолаи «Ирода мардонагӣ, мақсаднокӣ», чунин навъҳои паҳншудаи хислатҳо, монанди хаппакҳо, ҳалимҳо, миш-мишкунандагон, аз ќафои дигарон ғайбаткунандаҳо, замонасозон, мунофиқон, дурўяҳо, даҳонялаҳо, мумсикҳо, туфайлихўрон, одамбезорон, мардумгурезон, тутивор тақлидкунандагон, хаёлпарастон ҳанўз ҳам дида мешаванд.

Мана ин хислатдорон дар ҳақиқат дар одамони баду зарарнок пайдо мешаванд, аз доираи ғамхории педагогии мо берун мемонанд». Вале мо гарчи дар бачагон мавҷуд будани ин гуна хислатҳоро мушоҳида кунем ҳам вале бо сабаби он ки: якум, онҳо ба мо халал намерасонанд ва дуюм, ин ки мо ба онҳо чӣ кор карданамонро намедонем ба ин масъала машғул намешавем ва дар бораи он фикр намекунем, ки аксар вақт ин хислатҳо на дар одамони шўху бетартиб, балки дар одамони баду зарарнок пайдо мешавад.

Муаллимони мо гуфта буд А.С.Макаренко , ҳоло ҳам аз фирефтагии накукирдорӣ, накукорӣ, дарду алам, ранҷу заҳмат мебаранд. «Ман ягон воқеаро намедонам ки, - гуфта буд А.С.Макаренко, - хислати хуб бе вазъияти солимї тарбиявӣ пайдо шуда бошад ва ё баръакс, ба кори дурусти тарбиявӣ нигоҳ накарда характери бад пайдо шуда бошад».

Аз ин рў, беҳтар ва пурқувваттар намудани маркази тарбиявӣ талабҳои ғайри созишкорона гузоштан дар назди талабагон ва тарбияи иродаву ҳисси масъулиятнокї лозим аст.

«Дар назди мо вазифаи тарбия намудани чунин навъи рафтор, чунин хислатҳо, чунин сифатҳои шахсӣ меистад, ки онњо барои давлати Шўравї дар давраи ҳукумронии синфи коргар , дар давраи барќароршавии ҷамъияти бесинфӣ зарур аст». Антон Семёнович тарбияи меҳнатии ҷавононро дар мадди аввал ниҳода бо далелҳои равшан исбот кардааст, ки инкишофи ќобилияти меҳнатӣ ба тарбияи дурусти мењнатї дар синни ҷавонӣ вобастааст.

Меҳнат, гуфта буд ў, бояд эҷодӣ бошад. Танҳо меҳнати эҷодӣ имконият медиҳад, ки сарватњои моддии љамъият ба таври фоиданок ва дуруст истифода карда шуда, ба мустањкамшавии базаи моддии мамлакат ёрї расонад, дараљаи некўањволї ва моддии оммаи мењнаткашонро баланд бардорад. Мана барои ҳамин њам ба меҳнати эҷодӣ тайёр кардани бачагон яке аз вазифањои муњимтарини тарбия мебошад.

Аз ин лиҳоз ба фикри шахсии ман хуб мешуд, ки дар барномањои таълимї ба таълимї фанни технологияи мењнат ( касбу ҳунар) диққати ҷиддӣ дода шуда, ба таълими ин фан ҳатман 2 соат ҷудо карда шавад, аз мушоњидањо аён мегардад, ки дар маркази бисёр шаҳру ноњияњои калони љумњурї хонандагоне вомехўранд, ки њатто тарзи дуруст истифода бурдани олоти мењнатро намедонанд, меҳнат карданро дўст намедоранд, бо роњи осон пўл ёфтанро орзу мекунанд, шояд ба хотири ин хаёли хом ба ҳар гуна ҳизбҳои ифротгарои террористӣ- экстремистї аъзо шуда, ба љони љавони худ рањм накарда, ба оќибати амалњояшон нигоњ накарда, амалҳои ноҷавонмардонаро анҷом медиҳанд, ба халқу миллати хеш, ба Ватани азизашон хиёнат мекунанд, дар ҷангҳои Шому Ироқу Афғонистон ширкат меварзанд…

Масъалаи дигаре, ки имрўз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тарбияи бачагон дар оила мебошад. Ҳаминро ба назар гирифта « Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи « Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тавсиб расид. Аз ќонуни мазкур ва тадбирҳои иловагӣ ба ин қонун, чанд сол сипарї шуда бошад њам, њастанд падару модароне, ки то њол, ба тарбияи фарзандон ҷиддӣ машғул намешаванд, бо муассисањои таълимї алоќаи зич надоранд, бе сабаб ба маљлису ҷамъомадҳо намеоянд, маҷлисҳои падару модарон ба маҷлиси « модарон» табдил шуда, бисёре аз ин гуна волидайнҳо шахсан, ба тарбия кардан ниёз доранд. Ҳар чанде, ки дар ин самт моддаи 90-и ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунад ҳам, маќсади ҳукумат ҷарима ситондану љазо додани волидайн нест, маќсади асосии давлат ба роҳи дуруст тарбия намудани наврасону љавонон мебошад. Ба ақидаи ман дар оила ё падар, ё модар бояд пешво бошад, оиларо ба роњи дуруст бурда тавонад, ба ў танњо дар маљлиси падару модарон иштирок кардан иљозат дода шавад.

Дар «китоб барои падару модарон», дар баромадҳои худ А.С.Макаренко дар кори тарбияи бачагон наќши нињоят калон бозидани падару модарон ва тамоми ањли оиларо нишон додааст. Дар асоси таљриба мушоњидаи дуру дарози худ ба хулоса омада буд, ки агар падару модарон фарзандонро дуруст тарбия накарда бошанд, он гоҳ онҳо ба зиммаи муаллим мењнати хеле вазнинро бор мекунанд. Зеро ба њама маълум аст, ки аз тарбия кардан дида аз нав тарбия кардан душвортар аст. Аз ин рў муаллимон барои ислоњи камбудиҳои падару модарон мењнати зиёде сарф мекунанд, вале мењнати онњо аксаран самараҳои хеле кам медиҳад.

Ба ҳеҷ кас махфи нест, ки гуфта буд А.С.Макаренко, аввалин таҳкурсии тамому хулќу атвор, рафтору кирдор, ҳиссиёт, фикр ва шуури бача дар оила гузошта мешавад ва он ҷо ташаккул меёбад. Мана ин њам, то кадом андоза дар тарбияи бачагон наќши калон бозидани падару модаронро нишон медињад. Њалли дурусти тарбияи оилавї ба он вобаста аст, ки падару модарон онро то кадом андоза дуруст мефаҳманд ва то чи андоза аз уҳдаи тарбияи фарзандон мебароянд, дар кори дуруст ба роњ мондани ин масъалаи мушкил ва масъулиятнок аз омўзгорон то чи андоза маслиҳатҳо мегиранд ва ба омўхтани адабиёти педагогӣ машғул мешаванд. Дар кори дуруст ба роҳ мондани тарбияи оилавї дониши педагогӣ ҳам наќши муайян мебозад, вале фаќат дониши педагогї доштан кифоя нест. Роҳҳои аз он дуруст истифода бурданро низ донистан лозим аст, ба он бошад, асосан таҷриба ёрӣ мерасонад. Аз ин маълум мешавад, ки бе дониши педагогӣ ва таҷриба, ки онњо барои падару модарон ҳамчун обу ҳаво лозиманд, падару модарон вазифаҳои муҳими шаҳрвандии худро дар назди љамъият дуруст ва мувофиќи мақсад ба љо оварда ва аз натиљаи тарбияи фарзандони худ сарфарозу хушбахт ҳам буда наметавонанд.

Имрўзҳо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки моро дар канор гузошта наметавонад ин тарбияи ҳарбӣ – ватандўстї ва даъвати љавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба тинҷиву амонии кишвар, баланд гаштани сатҳи буду бошї сарбозон ва беҳтар гаштани сифати таъомҳои ошхонањои сарбозон нигоҳ накарда, ҳастанд љавононе, ки аз хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, адои ќарзи шаҳрвандӣ саркашӣ мекунанд.

Устод Макаренко ин масъаларо чунин арзёби мекунад; « Ҳар як кори мо, ҳар як маъракаи мо, нафақат вазифањои махсус, балки вазифаҳои тарбиявӣ ҳам доранд. Мисол, хизмати ҳарбиро гирем. Маълум аст ҳар як шахсе, ки хизмати ҳарбиро адо менамояд, ў аз он ҷо бо сифатҳои нав, аз ҷумла бо донишҳои нави ҳарбӣ, бо донишҳои нави сиёсӣ, бо хислатҳои нав, бо шаклу рафтори нав ва ғайраҳо бармегарданд».

Мо бояд фаромўш накунем, ки Макаренко ѓалабаи бузурги иттифоќи шўравиро дар ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарбияи дурусти ҳарбии халқи Шўравӣ медонад.

Аз ин рў, дар ин ҷо низ мо бояд, бо падару модарон, аҳли ҷомеа коллективона корҳои тарбиявиро дуруст ба роҳ монда, Ватани маҳбубамонро, дар кадом вазъияте ки набошад, ҳифз карда тавонем, истиқлолияти бо хуни ҳазорон шаҳидон ба даст омадаро аз даст надиҳем.

Салимов Зувайдулло - аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак