83138 2-40-07

Мулоқоти судманд бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Норак

Норак: Созандагони ватан  

Санаи 22-юми апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вохӯрӣ бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир карда шуд.

Хайруллозода Баҳодур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак қайд намуданд , ки ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур, инчунин санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад ва зимни фаъолияти худ ба принсипҳои озодию баробарӣ ва қонуният такя менамояд.

ТҶҶ «Созандагони Ватан» мақсадҳои Оиннома ва Барномавии ҲХДТ- ро эътироф ва дастгирӣ ва барои дар амал татбиқ гаштани онҳо ҷидду ҷаҳд менамояд.