83138 2-40-07

Вусъати корҳои ободонӣ дар боғи марказии шаҳри Норак аз тарафи кормандони Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ

Норак:  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар деҳаву маҳалаҳои шаҳр, назди биноҳои баландошёнаи шаҳр мунтазам корҳои ободонӣ баргузор гардида истодааст.

Корҳои ободонӣ дар боғи марказии шаҳри Норак дар доираи сарсабзу хуррам гардонидани шаҳр аз тарафи кормандони Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ бо роҳбарии раиси масъулиятшиносу фаъоли ҷамоати мазкур Каримзода Анзурат дар руҳияи  меҳнатдӯстиву ташаббускорӣ доир гардид.