83138 2-40-07

...ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРИ МАРДӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон ва табақаи ниёзманди аҳолӣ яке самтҳои асосӣ ва афзалиятноки Барномаҳои Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии мамлакат ба шумор меравад.

Дар остонаи санаҳои миллӣ ва давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва вакилону намояндагони мардумӣ мунтазам дастгирии қишри осебпазири ҷомеа сурат мегирад.

Дар ин раванд бо ташаббуси соҳибкори маҳалӣ,  шахси саховатпеша дар арафаи Иди сайиди Фитр ба истиқоматкунандаи кӯчаи Айнӣ 2 хонаи 11 дар шаҳри Норак Бердиев Маҳмадшо Эмомович, ки манзили истиқоматифш дар ҳолати ниҳоят ногувор қарор дошт сохтмони бинои истиқоматӣ оғоз гардида, дар муҳлати камтарин ба стифода дода хоҳад шуд.