83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ИСТИҚЛОЛ" ДАР ШАҲРИ НОРАК.

Норак:  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аъзоёни фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом санаи 6-уми майи соли 2024 дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Истиқлол" тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1 Аксияи ҳизбии "Ободкорӣ мароми мост" яъне тоза намудани гирду атрофи шаҳри баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи шаҳро аз алафҳо ва партовҳо тоза намуданд.

Ин иқдом аз ҷониби ташкилоти ибтидои мазкур дар оянда низ идома хоҳад ёфт.