83138 2-40-07

КЛУБИ ФУТБОЛИ НОРАК ДУБОРА ЭҲЁ ШУД ВА ДАР ЛИГАИ ДУЮМ ИШТИРОК МЕКУНАНД

Норак:  

Санаи 02 майи соли ҷорӣ раиси шаҳри Норак муҳтарам Фирӯза Шарифӣ бо футболбозони клуби футболи “Норак” вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ раиси шаҳр ҳозиринро барои бо муваффақона дубора таъсис додани КФ “Норак” самимона табрик намуда, ба варзишгарон муваффақият орзу намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки КФ “Норак” алакай дар лигаи 2-юми Ҷумҳури Тоҷикистон аъзо буда, баҳри роҳхат гирифтан ба Лигаи 1-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.

Дар фарҷом раиси шаҳр ба ҳайати дастаи футбол дар бозиҳои дар пеш истода барору комёбиҳо орзу намуданд..