83138 2-40-07

ВАТАН ДОРАМ, АЗИЗУ МУҚАДДАС!

Норак: Созандагони ватан  

Ман бимирам аз бароят эй Ватан,
Мекунам ҷонам фидоят эй Ватан.
Санги хороят бароям гавҳар аст,
Ман бигирям аз бароят эй Ватан.

Кӯҳҳои сарбаландат лолазор,
Обҳоят ҳамчу қалбат беғубор,
Мардумонат софдилу хоксор,
Чор фаслат менамояд чун баҳор.

Эй Ватан ҷонам, Ватан ҷонам Ватан,
Ҳар хасу хорат маро бахшад чаман.
Булбулонат ҳар тараф чаҳ- чаҳкунон,
Фахр месозад зи ту дорад Ватан!!!

Мо бо ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон ифтихор мекунем ва такя бар онҳо дорем, ки баҳри ҳиммояи марзу буми Ватани азизамон сина сипар хоҳанд кард, амнияти кишварро таъмин ва сулҳу сафои мардуми шарафмандамонро пойдор нигоҳ хоҳанд дошт.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Раҷабов Насим