83138 2-40-07

САБҚАТ БАРОИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Норак:  

Бо иштироки муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, мудири шуъбаи маориф Садбарг Ҳайдарзода, Директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо озмуни вилоятии гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак гузаронида шуд. Дар баромади худ Зуҳро Ҳакимзода қайд намуданд, ки озмун бояд шаффоф, одилона гузаронида шавад.

Мудири шуъбаи маориф ба хонандагон таъкид намуданд, ки бештар вақти худро ба мутолия намудани китоб сарф намоянд. Саломат Саидова директори Марказ барои риоя намудани қоидаҳои озмун ба хонандагон тартиби гузаронидани озмунро муфассал фаҳмонида, барои гузаронидани озмуни мазкур хонандагонро ба бинои Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо сафарбар намуданд.