83138 2-40-07

БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН".

Норак:  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 28-уми марти 2024 аз ҷониби 25 нафар кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” Аксияи тозагии маҳал таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" доир карда шуд.

Дар аксияи мазкур гирду атрофи биноҳои маъмурию таълимӣ, гулгаштҳо, ҷӯйборҳо, истгоҳҳо ва гирду атрофи биноҳои баландошёнаи истиқоматии сокинонро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани симои шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Баъди баргузории аксия, зарфу ашёҳои полиэтилени ва дигар партовҳои аз гирду атрофи кӯчаву маҳал ва биноҳои маъмурӣ ҷамъоваришуда ба партовгоҳҳо бароварда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин аксияҳо бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри  Норак баргузор карда хоҳад шуд.