83138 2-40-07

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад.

Норак: Андеша  

Оре, маҳз Сулҳ аст, ки мо мардуми ҷахон тинҷу ором зиндагӣ ва кор мекунем. Мардуми бонангу баномуси тоҷик аз қадим тарафдори сулҳу дӯстӣ буда, тинҷию оромиро аз ҳама нематҳои дунё волотар меҳисобад. Дар ҳама давру замон халқи тоҷик чун мардуми сулҳдуст бо узбеку кирғизу қазок марзу бум ва миллати хешро ҳифз менамуд. Мардуми тоҷик боре ҳам чун забткор ба ягон давлати дунё ҳамла накардааст, баракс танҳо бо мардони қавииродаи худ Ватани худро аз душманон муҳофизат кардааст.

Асри 21-асри пешравиҳо тарақиёти илму фан аст. Мардум бо навовариҳой худ маълуму машҳур шуда истодаанд. Аммо дар ҷаҳон минтақаҳои низоъҳо зиёд шуда истодааст. Хусусан вазьи кунунии Украина боиси нигаронии мардуми ҷаҳон шудааст. Мардуми ҷаҳон кушиш мекунанд, ки вазьият ба зудӣ ҳалли худро ёбад. Вазъияти дигаре, ки чанде пеш фазои софу беолоиши мо-точиконро тира сохт, ин вазъият-муносибати Тоҷикистону Қиргизистон буд.

 Аз қадим ин ду миллати бо ҳам дӯсту ошно ҳамаи душвориҳои замони тоинкилобиро (1917) паси сар карда, талхию ширинии онро бо ҳам чашидаанд. Хушбахтона ҳамаи нофаҳмиҳо бартараф гардиданд ва  ҳоло вазъияти ором моро фарогир аст.

Мо мардуми сулҳдӯсти тоҷик намегузорем, ки модари тоҷик ашки ғам резад, умедворем, ки бо роҳи сулҳу салоҳ ҳамаи масъалаҳои доғи рӯз бартараф мешаванд.

Авғонова А.Р- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Баҳор" дар шаҳри Норак