83138 2-40-07

СИТОДИ ШАҲРИ ОИД БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Норак:  

Ситоди шаҳри дар толори шуъбаи маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷаласа бо ҳайати камиссияи шаҳрӣ, зери роҳбарии муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода доир гардид. Дар вохӯрӣ вазъи баргузории озмунҳо таҳлил намуда, тамоми масъулин озмунҳоро дар сатҳи баланд баргузор намудани давраҳои якум ва дуюми озмунҳоро вазифадор намуданд, ки корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар ин самт ҷоннок намоянд. Чеҳраҳои навро ба тариқи шафофият пешниҳод намоянд.

Қайд карда шуд,ки ин озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи хонандагон, донишҷӯён ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Бинобар ин мо шахсони мутасади вазифадор ҳастем, ки Дастуру супоришҳои Асосгузори субҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода барои боз ҳам дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои мазкур тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намудан лозим аст.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ омода намудани довталабон ба даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастуру супоришҳои раиси шаҳр ба ҳайати камиссияи озмун расонида шуд ва дар охири ҷаласаи мазкур ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.