83138 2-40-07

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНИ 4 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР ДЕҲОТ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ-и №15 - и деҳаи Чал-Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак чор синфхонаи иловагӣ бо фарогирии  200 - нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи синфхонаҳои таълимӣ раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода,муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулозода Б,  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии сокинон,ҷалби ҷавонмардони деҳа, кумитаи падару модарони муассиса ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бунёд карда шудааст.

Зимни ба истифода додани синфхонаҳои таълимӣ раиси шаҳр, баромад намуда аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки хонандагон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда, дар оянда ба халқу Ватан бояд содиқона хизмат намоянд.