83138 2-40-07

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Норак:  

Дар деҳа Кибили Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак дар саҳни МТМУ-и № 7 чорабинии мутантани фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Наврӯз - муждаи баҳору сарсабзии табиат” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар саҳни муассиса хонандагону омӯзгорон хони идона ороста, ҷашни Наврӯзро пайвандгари насли имрӯз бо оину арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон маънидод намуданд. Ҳайати комиссия аз дастоварду намоиши фарҳангии хонандагони муассиса дидан карданд.  

Дар хони наврӯзи риояи расму оинҳо, густурдани хони ҳафтсину ҳафтшин, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, омода сохтани таомҳои миллӣ ба истиқболи Наврӯз як рукни асосии ин ҷашни ниёгон буд.

Сипас баҳри болидаруҳии тамошобинон аз тарафи хонандагони муассиса саҳнаҳои идона ва қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз пешкаши ҳозирин гаридида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғати пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба ҳусни чорабинӣ зебоии дигар зам намуд.