83138 2-40-07

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ВА АЁДАТИ САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ АЗ ҶОНИБИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК.

Норак:  

Санаи 23-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Норак ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба таври хоса таҷлил карда шуд. Чорабинӣ дар майдони марказии шаҳри Норак бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, иштироки меҳмонон ва чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии  тантанавӣ раиси шаҳри Норак- Фирӯза Шарифӣ Бурихонзода, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надода, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шӯкуҳу ҷалоли хоса касб карда, мақоми байналмиллалӣ гирифт.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҳисси ифтихор таъкид намуд,ки Наврӯз вожаи байналмилалӣ буда, дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо номи Наврӯз истифода мешавад.

Сипас баъд аз анҷоми чорабинӣ Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо дастархони идона ба қисми низомии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Норакбуда ба аёдати сарбозон рафт.

Зимни аёдат  Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан бо сарбозон сӯҳбати самимӣ доир намуда, дар бораи яке аз суннатҳои бисёр неку ва шоистаи Наврӯз, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либосҳои хешро нав ё тозаву озода мегардонад, маданияти заминдориву заминкорӣ ва богдориву ободкориро ривоҷ мебахшанд, сухан кард.

Сарбозони қисми низомӣ аз ташрифи раиси Кумита изҳори миннатдорӣ намуданд.