83138 2-40-07

ВАТАНДӮСТӢ  - ИМОНДОРИСТ

Норак: Вокуниш  

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуда, ҳамзамон суҳбати гарму хотирмоне доир намуд.

Боварӣ дорем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравону тарафдоронаш баъди тамошои баромади пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле мушаввашу хотирпарешон гардиданд.

Ин хоини нобакор фикр мекунад, ки намояндагони дин, домуллоҳо, сархатибон, муллоҳо ва умуман касоне, ки ба шариъату тариқат побанданд ва ҳамеша бо мардум оид ба рукнҳои ислом корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, ба иғво ва дасисаҳои беасоси хоинони бурунмарзӣ  гӯш медиҳанду онҳоро тарафдоранд.

Вале дар мулоқоти мазкур намояндагони дини ислом зимни баромад бо як меҳру муҳаббати самимӣ сухан карданд, ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда дар тӯли солҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар изҳори миннатдорӣ намуданд, арз намуданд, ки дар оянда низ барои хизмат баҳри ободиву пешрафти кишвару меҳани худ омодаанд.

Ҳамагон шоҳидем, ки давоми 32 соли охир Пешвои миллат тавонист бо сарварӣ, бо роҳбарӣ, бо ташаббусҳои оқилонаву созанда миллати моро бо фарҳанги миллӣ ва осори ғании ниёгонамон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  намояд.

“Фаромўш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандўст метавонад дилсўзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад” - таъкид мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Баръало намоён аст, ки мардуми осоиштаи  кишвар дар ҳақиқат ватандӯстанд, ватанпарасту ватандоранд ва  мулоқоти мазкур далели ин гуфтаҳост.

Шубҳае нест нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, ҷавҳари аслии худ- инсон будани худро фаромӯш кардааст. Бадкирдориро пеша кардан, нақшаҳои разилонаро барои ноором сохтани як кишвари тинҷу осуда равона кардан амали ноҷавонмардист. Муҳаммадиқбол бо шиори “Пешаи шерӣ набудам аз азал, чун насибам пешаи рӯбоҳ буд” назди худ мақсад гузоштааст, ки бо ҳар роҳу восита сулҳи миллати тоҷикро аз байн бурда, тинҷиву амониро барҳам занад.

Вале бехабар аз он ки мардуми  шарафманди Тоҷикистон бо иродаи қавӣ,  хуни гарми тоҷикӣ, нангу номуси миллӣ  амнияту сулҳу сафои Ватанро ҳимоя хоҳанд кард ва ба ҳеҷ ваҷҳ  хиёнаткорони бедину бадкирдорро наздик ба ин марзу буми муқаддас нахоҳанд гузошт.

Наргис Ҳасанова –мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак