83138 2-40-07

Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд

Норак: Вокуниш  

Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, то дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тўли 32 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии ватанро бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд.

Баъзе аз нохалафон чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Филми мустанади “ХИЁНАТ”, ки тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш додашуд бо маврид буда, далели гуфтаҳои болост.

Дар филми мазкур амалҳои хоинона, муғризона, ноҷавонмардона ва душманонаи роҳбарияти ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҲНИТ-ро нишон медиҳад, ки чи гуна миллату давлати худро зери оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашонидан.

Бо ин қаноат накарда то имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо кӯмакаи хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд дубора болои миллат ҷанги шаҳрвандиро барангезанд. Лек фаромӯш кардаанд, ки миллати сарбаланди Тоҷикстони соҳибистиқлол симои асоссии ин хоинонро шихнохтааст ва дубора ба ин миллатфурушон бовар намекунанд.

Гуруҳе бо номи Паймони миллӣ (Паймони Шайтонҳо) ки аз ҷониби яке аз торреристони наҳзати Муҳиддин Кабирӣ таъсис додашудаст ба ҷуз як ташкилоти террористӣ дигар чизе нест.

Ҳамаи ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик, ки ба сафи давлати худхондаи ба ном Исломии ДИИШ шомил шудаанд ва бар зиди қонунҳои конситутсионии давлатҳои Сурияву Ироқ меҷанганд дастпарварони ТЭТ ҲНИТ мебошанд. ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

Каримов Маҳмаднозир, аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак