83138 2-40-07

ҶАШНИ НАВРӮЗ

Норак: Созандагони ватан  

Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқи тоҷик буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо “Иди сари сол”, “Иди соли нав” низ мегӯянд. Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз, ҳангоми эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор мебошад. Дар Наврӯз дар шаҳру деҳот мардум зиёфатҳо барпо карда, шеъру суруд мехонанд, ниҳол мешинонанд.

 Ҳатто замони истилои Араб Наврӯзро ҳамчун “Суннати Ҷамшед” пиндошта мунтазам ҷашн мегирифтаанд. Тоҷикон иди Наврӯзро хеле хотирмон таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз анъанаҳои писандидаи гузаштагон ниҳолу гулшинонӣ, гузаронидани иди гулҳо, ҷуфтбаророн, ободии кӯчаҳо, маҳалла ва ташкили озмунҳои мухталифи варзишӣ бо ҳавасмандии зиёд амалӣ мегарданд.

Чунончи гуфтаанд:

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,

Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.

Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,

Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.

Оре, бо фарорасии ҷашни Наврӯз лолаҳои хушранг мебароянд. Булбулон ба тамошои дафу чанг мебароянд. Наврӯз олиҳаи ҳусни сол буда, муҳаббати инсонро ба офаридаҳои табиат бедор мекунад.

Иди Наврӯз омаду олам мунаввар мешавад,

Зиннати рӯи замин аз сабзаи тар мешавад.

Наврӯз барои марди деҳқон фурсати  мувофиқ аст. Фаро расидани айёми кишт, ки ҳастии инсон ба он вобаста аст, оромии зимистонаро барҳам зада, аз омадани соати меҳнат дарак медиҳад. Садои чашмаҳо мисли тифли баҳор дили касро сурур мебахшад. Ва ибораи Садриддин Айнӣ фаро расидани баҳор зангӯлаи замони фараҳу шодмонист:

Айёми баҳору бомдодӣ,

Вақти фараҳ асту вақти шодӣ.

Дар чорабиниҳои фароғатии Наврӯзӣ дастарон бо ҳафт син: сипанд, санҷид, себ, сир, сумалак, сабзӣ, сиркоб ва ҳафт шин: шакар, шир, шамъ, шароб, ширинӣ, шавла, шоҳдона оро дода мешавад. Ин суннати аҷдодӣ то замони мо расидааст. Аз ҳамин сабаб мардум иди Наврӯзро бесаброна интизор мешаванд. Ҳолати мавҷуда қабои арӯси маънии шеъри устод Лоиқ Шералӣ мувофиқ афтодааст:

Эй ҷамоли баҳру бар шод омадӣ,

Эй баҳори сабзу тар шод омадӣ.

Аз қадамҳоят дилам гул мекунад,

Эй арӯси раҳгузар шод омадӣ.

Хушбахтона, соли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва як қатор мамлакатҳои Осиё Созмони Миллали Муттаҳид Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф намуд. Ин падидаи хуҷаста аз ватани асосии Наврӯз будани Тоҷикистон мужда расонид. Барҳақ, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо як илҳоми саршор сурудааст:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сӯхани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 Хулоса, Наврӯзӣ оламафрӯз бо симои рангину таровати тоза ва анънаҳои писандида дар олам маҳбубияти зиёд касб кардааст. Таҷлили васеи ин иди бошукӯҳ дар кишварҳои гуногуни дунё боиси фараҳу шодмонии мост. 

Сафарова Шаҳзода, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и аҳри Норак