83138 2-40-07

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд

Норак: Созандагони ватан  

Наврӯзи наву соли наву кори нав омад.

Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад.

Пӯшида ба тан пираҳани тоза табиат,

Булбул ба навои гулу гулзори нав омад.

Аз доштани худ абр басо дуру гуҳар рехт,

Дар авҷи фалак барқи шарарбори нав омад.

 

    Чуноне, ки Боқӣ Раҳимзода дар шеъри боло овардааст, Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ба шумор меравад. Онро инчунин, дар баъзе маҳалҳо “Соли Нав” ва “Арӯси Сол” низ мегӯянд. Ҳангоми фарорасии Наврӯз шабу рӯз баробар мешавад ва табиат ба худ ранги дигари тозае мегирад, парандагон нағмасароӣ мекунанд. Мардум ҳамаи хонаҳои худро тоза мекунанд ва ба омад-омади Наврӯз тайёри мебинанд. Кӯдакон гулгардонӣ мекунанд, суруд мехонанд. Деҳқонон ба кишту кор шурӯъ мекунанд. Хуллас, бо омадани Наврӯз табиат аз нав зинда мешавад. Мувофиқи солшумории мелодӣ  ба Наврӯз 21-уми март рост меояд.

 Онро ҳамасола бо тантана ҷашн мегиранду бесаброна интизор мешаванд. Наврӯз аз давраи хеле бостонӣ, яъне  аз замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед то ба имрӯз омадааст. Соли 2010 бо пешниҳодоти давлатҳои гуногун Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.

Алҳол, онро дар тамоми давлатҳо ботантана ҷашн мегиранд, ки ин фахри хеле калон аст барои мардуми тоҷик.

Шукронаи Умед- аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и аҳри Норак