83138 2-40-07

НАВРӮЗ ЧАХОНИ ШУД

Норак: Андеша  

Дар таърихи фарханги мардум хеч як анъана ва расму ойине чун чашни хучастапай ва фархуидаи Навруз азизу арчманд нест. Навруз пайвандгари насли имрузу фардо бо расму ойин, арзишхои милли, мехру садокат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Чашни Навруз аз кадимтарин ва густурдатарин идхои мардумон буда, умри дарози беш аз панчхазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Навруз «рузи нав» маънй дошта, дар аввали соли нави хуршедй ба истикболи соли нав барпо мешавад. Навруз чашни фарорасии бахори нозанин, зиндашавии табиат, огози корхои кишоварзй ва богдорй, айёми баробаршавии шабу руз дар бахор мебошад. Аз нигохи хисоби ситорашиносй, Навруз рузест, ки офтоб ба бурчи барра (хамал) ворид мешавад ва дар хамон дакикаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар чаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, тахти фасли 49, ки унвони "Фарханги чахон”-ро дорад, карорномаи "Рузи чахонии Навруз” ба тасвиб расид. Он бо пешниходи кишвархои Точикистон, Эрон, Афгонистон, Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасй карор ёфтааст. Дар карорнома гуфта мешавад, кй хамасола дар тамоми чахон 21-уми март хамчун Рузи байналмилалии Навруз тачлил гардад.

Навруз аз бузургтарин чашнхои мардумони эронитабор, аз чумла точикон ба шумор меравад, ки ба фарханги Кавму миллатхои дигари Осиёи Марказй низ бо хамин ном гузаштааст. Чашни Навруз нишебу фарозхои таърих, хаводиси сиёсию ичтимой ва маънавихои зиёдеро паси cap карда, то ба имруз омада расидааст.

Аз таърихи чашни Навруз. Рочеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин чашни куханбунёд дар сарчашмахои таърихию адабй ва бадей маълумотхои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони точику эронй ва хоричй дар асоси онхо маколоту рисолахои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотхои мустаким ва пурахамиятро дар «Шохнома»-и Фирдавсй, «Наврузнома»-и Умари Хайём ва дигар асархо дарч гардидааст.