83138 2-40-07

(Андешаҳо перомуни баромади Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)

Норак: Андеша  

Рӯзи 9 март дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқоти бисёр судманддоир намуданд, ки  дар шароити ҷомеаи имрӯза   бисёр зарурӣ  арзебӣ мегардад.

Хушбахтона ба ман низмуяссар гардид, дар ин вохурӣиштирок намуда, аз суханони ҳикматомез ва падаронаи  Пешвои миллат баҳравар шавам, ҳамзамон мақсад гузоштам, ки бо руҳияи бузурги ватандорӣ ваҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори баланди меҳанпарварӣ барои   ободии диёру кишвари  худ дучанд хизмат намоям.

Чуноне, ки Пешвои муаззами  миллат таъкид намуданд: “Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбанд, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад.” Дуруст аст, ки хурофот ва таассуб дар ҷое ба вуҷуд меоянд, ки барои онҳо фазо ва шароит муҳайё бошад ва ин фазо аз дониши замонавӣва маънавию маърифат холӣ бошад.

Дар ҳақиқат ҳастанд ашхосе, ки аз таассубгарию хурофотандешии  мардумон истифода мекунанд ва барояшон бисёр осон аст, ки ба ин восита сафи тарафдорони хешро биафзоянд. Гурўҳҳои исломгарои муосир маҳз тавассути идеяҳои ифротгароёна аз қабили ҷиҳоду шаҳодат дар роҳи дин, беҳтар нишон додани амалу гуфтори хеш нисбат ба дини мубини ислом дар миёни мардум фаъолият нишон медиҳанд.

Исломгароёни имрӯза тавассути худнамоишдиҳӣ аз худ нафареро метарошанд, ки гўё воқеан ҳам онҳо барои ҳадафҳои пок нигоҳ доштани дини ислом ба ин дунё омада, риояи пурраи  талаботҳои он ва дар ин самт ҳамчун мусалмони асил рафтор мекарда бошанд. Вале дар асл ин танҳо як зоҳири фиребе  аст, ки аслан бар ҳадафи ғаразноки онҳо ба амал бароварда мешавад.

Ҳофизи Шерозӣ хуб гуфта:

Воизон чун ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

 

Мутаассифона, чунин рафтор боиси он мегардад, ки мардуми моҳамин гуна афкори муғризу хатарнокро ҳамчунҳақиқат қабул менамоянд ва бо ин роҳ умри худу имкони зиндагии ояндаашонроба хатар меафкананд.

Масъалаи дигаре, ки мавриди баррасии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба зиёрати ҳаҷ ва умра ҷалб буд ва ҳамзамон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд.

Бинобар ин шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таъкид намуда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Амалӣ намудани хадафҳои Пешвои миллат пеш аз ҳама ба ҳар як сокини кишвар маънои онро дорад, ки барои зиндагии шоистаи мардум ҳамагон беш аз беш фаъолияти дучандро бояд анҷом диҳем. Ҳамчунин иҷрои  талаботи ягонаи қонунхои миллиро, ки аз мо масъулияти  бештарро тақозо менамояд, мебояд бо садоқати дучанд ба анҷом расонида, ба зиёдаравӣ ва таассубгарию хурофотандешӣ хотима гузорем.

Ҳасанзода  Шаҳло Ҳасан, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак .