83138 2-40-07

БОНУЕ ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ

Норак: Созандагони ватан  

Омӯзгорӣ касбест, басо пурмашаққат, вале бошарафу пурифтихор. Асоева Шабнам Шеровна ифтихор дорад аз ин касби пуршараф.

Ӯ аз 8-уми декабри соли 2020 ба сифати директори МТМУ-и №4–и ба номи Алимаҳмад Мирзоеви деҳаи Тутқавул дар шаҳри Норак фаъолият дорад. Дар муассисаи номбурда 105 корманд, ки аз ин шумора 68 нафарашонро омӯзгорони соҳибтаҷрибаву корозмуда ва дорои тахассуси касбӣ ташкил медиҳанд, ба 1504 нафар толибилмон дарс меомӯзанд.

Шабнам Шеровна фаъолияташро аз соли 2004-ум дар муассисаи таълимии мазкур оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои раиси Шӯрои занон ва духтарони муассиса, муовини директор оид ба кори тарбия, муовини директор оид ба таълим  дар синфҳои  болоӣ кор кард. Ҳамзамон барои хизматҳои шоён дар самти пешравии ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи пурсамари насли наврас бо як қатор Ифтихорномаву Сипосномаҳои шуъбаи маориф, раиси шаҳри Норак ва раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонида шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, бо амри дилу виҷдон аз пайи омӯзиш асту фарзандони халқро баробари ҷигаргӯшаҳои худ ҷой додааст.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Давоми солҳои тӯлонии фаъолияти омӯзгорӣ ва хусусан дар 3 соли сарварӣ ва ташаббуси роҳбари кордону боғайрат ва оқила Шабнам Асоева МТМУ-и №4 ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.

Шогирдони таълимгоҳ  дар озмунҳои ҷумҳуриявии зерин:

  1. Озмуни  ҷумҳуриявии “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”- директори МТМУ-и №4 Асоева Шабнам аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир, Қаёмова Мадина  хонандаи синфи 8 номинатсияи адабиёти ҷаҳон, Раҷабзода Одилҷон, Қаюмов Тоҳир хонандагони синфҳои 4-ум номинатсияи адабиёти бачагона иштирок намуданд.
  2. Озмуни  ҷумҳуриявии “ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” хонандаи синфи 11 Ятимова Муҳиба дар ҷумҳурӣ ҷои 3-юм 15 000 сомонӣ ва омӯзгор Шокирова Дилором 10 000 сомонӣ бо медал ва Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
  3. Озмуни ҷумҳуриявии “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” Тағозода Фирдавс ҷойи 4-ум дар ҷумҳурӣ, номинатсияи технологияи иттилоотӣ (барномасоз), ҳамзамон тибқи онлайн 56 дипломи дараҷаи 1,2 ва сертификат аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия, узви фаъоли Академияи хурди илмҳо бо рисолаи номзадӣ  бо номи “Тутқавули  дирӯз ва имрӯз”-ро дар ҳаҷми 154 саҳифа сарбаландона дифоъ намуд.
  4. Озмуни ҷумҳуриявии “ТОҶИКОН-ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ” омӯзгор Тағоймуродова Лутфия   даври вилоятӣ иштирок кард.
  5. Озмуни  вилоятии “ХОНАНДАИ СОЛ” миёни синфҳои ибтидоӣ 3 нафар хонандаи синфи 1 Асоев Муҳаммадҷон ҷойи 1-ум медали тилло, Шарипов Сайёмҷон  ва Нозимова Оиша бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд. 
  6. Озмуни  вилоятии “ДОНОЯК” миёни синфҳои ибтидоӣ Боев Рамазон хонандаи синфи 1 ишғоли ҷойи 2-юм соҳиби  медали  нуқра гардид.
  7. Озмуни вилоятии “ШОҲНОМАХОНӢ” хонандаи синфи 8 Зарипова Меҳринигор ишғоли ҷойи 1-ум ва бо ифтихорномаи раиси вилоят сарфароз гардид.
  8. Озмуни вилоятии “ВОРИСОНИ ПЕШВО” аз фанни забони англисӣ Ёдгоров Абдулло сазовори медали тилло гардид.
  9. Озмуни шаҳрии  Нақши китоби “ТОҶИКОН”-и Бобоҷон Ғафуров 2 нафар омӯзгор Абдуллоева Марям сазовори ҷойи 2-юм ва Сатторова Дилбар –ҷойи 3-юм бо ифтихорномаи раиси шаҳри Норак қадрдонӣ гардиданд.
  10. Озмуни байналмиллалии SPELLING BEE аз забони англисӣ хонандаи синфи  6 Абдуллоев Салоҳиддин сазовори сертификат гардид.
  11.  Озмуни байналмиллалии  тариқи фосилавӣ аз давлати Гонконг хонандаи синфи 7-ум Саидзода Саидаброр сазовори сертификат гардид.
  12.  Озмуни байналмиллалии тариқи фосилавӣ аз давлати Амрико 2 нафар Хайров Эмомалӣ ва Саидзода Саидаброр, сазовори сертификат гардиданд.
  13.  Озмуни байналмиллалии “IMAZ” математикони ҷавон  тариқи фосилавӣ аз давлати Амрико 2 нафар хонандагони синфҳои 4 Азизов Шаҳриёр ва Юсупов С бо сертификат сарфароз гардиданд.
  14.  Олимпиадаи  байналмиллалии  “HIPPO”  4 нафар хонандагони муассиса соҳиби диплом ва сертификат гардиданд.
  15.  Озмуни байналмиллалии  “Биё ҳамроҳ омӯзем”  USAUD бо иштироки гуруҳи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо ифтихорнома аз Амрико, 2 тахтаи электронӣ, 2 компютер, 2 видеопроэктор туҳфа гирифтанд.
  16.  Озмуни байналмиллалии “ГРАМОТЕЙ” аз фанни забони русӣ бо иштироки директори муассиса, 51 нафар хонанда ва 9 нафар омӯзгор ва сертификат ба номи ҳамаи иштирокчиён аз шаҳри Москваи Федератсияи Русия қадрдонӣ карда шуд.

   Ҳамчунин дар назди муассисаи таълими мазкур курси омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст ки дар он зиёда аз  90 нафар хонандагон ба забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин нишондодҳо як қисмате аз меҳнати бошарафонаи омӯзгорони МТМУ-и №4 ба номи Алимаҳмад Мирзоев аз деҳаи Тутқавули шаҳри Норак мебошад, ки бо роҳбарии директори муассиса, бонуи хирад, кордону боғайрат  Асоева Шабнам барои ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азиз тарбияи шоистаи фарзандони ватандӯсту худшинос ва соҳибмаърифатро ба дӯш гирифтаанд.

Омӯзгор доротарин фард аст, чунки дониш дорад, ки ҳамеша дар нумӯ аст. Муаллим барои худ не, барои миллат, барои Ватан ранҷ мекашад, барои фардои кишвар шогирдонашро омода месозад.