83138 2-40-07

Таъмини амнияти миллӣ қарзи ҳар яки мост!

Норак: Андеша  

Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Масъалаи ҳифзи истиқлолияти миллӣ, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

Ҳар як шахси худогоҳи ин Ватани маҳбуб дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт ва илму фарҳанг саъю талош менамояд.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди банангу номуси кишвар аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.

Ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳимоя аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, мо зиёиён зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пойдории сулҳу суботи сиёсӣ пайваста талош менамоем.

Ҳайдарзода С.-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак